ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Мулло Сироҷ, фармондеҳи пулиси толибон дар Ҷузҷон гуфтааст, нерӯҳои ин гурӯҳ дар як иқдоми тоза мардеро боздошт карданд, ки 130 зани шавҳардорро барои танфурӯшӣ ба вилояти дигар интиқол медод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Салом Ватандор ба нақл аз фармондеҳи пулиси Ҷузҷон навишта, ки нерӯҳои толибон бо роҳандозии чандин амалиёти ҳадафманд ин мардро боздошт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол фармондеҳи пулис дар ин бора ҷузъиёти бештар надодааст.
Қобили зикр аст, ки дар соли равон ҷангҳои шадид хонаводаҳои зиёдеро ба шаҳри Ҳирот овора карду бо суқути ҳукумат пешин дар Афғонистон ва омадани толибон ба сари қудрат фақру гуруснагӣ, бахусус миёни оворагони дохилӣ афзоиш ёфт.
Аксари оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ҳоло бо сард шудани ҳаво ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.