ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Беморшавии кӯдакон дар Ӯзбекистон авҷ мегирад ва бо супориши Вазорати беҳдошт дар дармонгоҳҳои Тошканд 600 кати иловагӣ барои бистарӣ кардани онҳо ташкил шудааст.
Бинобар хабари Sputnik Ӯзбекистон, чанде пеш вазири тандурустӣ Беҳзод Мусоев аз дармонгоҳҳо боздид намуда, ба далели авҷ гирифтани беморӣ миёни кӯдакон фавран чунин супориш додааст.
Гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон алъон мавсими афзоиши гирифторӣ ба бемориҳои шадиди роҳи нафас дар байни кӯдакон ва баландтарин нишондиҳанда аз ин беморӣ дар шаҳри Тошканд мушоҳида мешавад, ки боиси сарбории зиёди беморхонаҳои кӯдакона гаштааст.
Бояд гуфт, авоили моҳи ноябр Ӯзбекистон барои моякӯбии кӯдакон алайҳи бемории зуком аз Русия 2 миллион воя доруи "Гриппол плюс" харидорӣ намуда буд.