ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши “Рушди соҳаи интернет дар Осиёи Марказӣ InternetCA-2021” ширкат ва дар он масъалаҳои танзими интернетро баррасӣ мекунанд.
Муҳокимаҳои маҷози рӯзҳои 18 ва 19 ноябр баргузор мешаванд.
Дар онҳо мутахассисон аз Австрия, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Гуфта шудааст, ки коршиносони соҳа инчунин масдуд кардани манобеи интернетӣ ва тағйироти эҳтимолӣ дар қонунҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ онҳо фаъолияти танзими давлатро баррасӣ мекунанд ва дар бораи имкониятҳои худтанзимкунии бахшҳои миллии интернет изҳори назар хоҳанд кард.
Меҳмонони ҳамоиш ҳамчунин ташаббуси қонунгузории Қазоқистонро дар бораи ҳифзи кӯдакон аз таҷовузи сайбери арзёбӣ намуда, инчунин дар бораи таҷрибаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар танзими интернет суҳбат хоҳанд кард.