Размкори шинохтаи тоҷик Фазлиддин Обидов дар набарди ахираш аз ҳарифи бразилягияш Андрей Агусто шикаст хӯрд
Набарди Обидов ва Агусто дар чаҳорчӯби мусобиқаи муштараки промоушнҳои OPEN FC ва BFC шоми 14 ноябр дар Минск барои дарёфти унвони қаҳрамони вазни сабук баргузор шуд.
Дар нахустин лаҳазоти дидор Обидов хело фаъол буд, аммо ҳарифаш низ кам намеовард ва аз лиҳози ҷисмониву ҳимоя хеле обутобёфта менамуд.
Набарди размкорон панҷ давр давом кард ва Обидов дар даври чаҳорум аз ҳарифи бразилиягиаш кам оварду бо қарори доварон пирӯзӣ насиби Агусто гардид.
Ҳамин тариқ камарбанди Қаҳрамонии OPEN FC дар вазни сабукро Андрей Агусто ба даст овард.
Ёдовар мешавем, Обидов яке аз қавитарин намояндагони ММА аз Тоҷикистон буда, дар набарди қаблияш, 22 май дар мусобиқаи OPEN FC Артур Малхасянро мағлуб карда буд.
Ҳамакнун Обидов шаш ғалаба ва ду бохт дорад.