Голи “роналдовор”-и президент олами футболро ба ҳайрат меорад – видео

Намояндагони давлати Туркманистон дар яке аз толорҳои варзишии "Туркманбошӣ" футбол бозӣ карданд
Sputnik
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба майдони футболи хурд баромад. Рақибони роҳбари давлат вазирони кишвар буданд.
Гурӯҳи "Хроникаи Туркманистон" дар "Telegram" қайд мекунад, ки бозӣ дар яке аз маҷмааҳои варзишии шаҳри Туркманбошӣ баргузор шуд.
Дар навор ҳам худи бозӣ ва ҳам тамрину омодагӣ ба бозӣ сабт шудааст. Ҳар нафар пеш аз вориди толори варзишӣ шудан аз санҷиши коронавирус гузашт. Сипас Бердимуҳаммадов бо моее шахсан дасти вазиронро зиддиуфунӣ кард.
Дар рафти бозӣ туркманбошӣ ба дарвозаи ҳариф тӯбҳоро моҳирона равон мекард. Вазирон бо мушкили ҳамлаҳои Бердимуҳаммадовро ба дарвоза дифоъ мекарданд.
Пас аз анҷоми бозӣ роҳбари давлат ба хабарнигорон аз асосҳои дурусти тамрин бо таҷҳизоти гуногуни варзишӣ нақл кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Туркманистон, ҳадди аксари саломатиро метавон бо рӯ овардан ба варзиш ба даст овард.
Қаблан Бердимуҳаммадов зимни сафари корӣ ба яке аз навоҳии наздики Ишқобод маҳорати тирандозияшро аз тариқи таппонча нишон дода буд.