ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Даври интихобии озмуни Central Asia Got Talent дар Тоҷикистон оғоз ёфт ва макони баргузории он Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" мебошад.
Ин озмун ба иловаи телевизиони "Сафина" ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизионии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷонпахш мегардад.
Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур истеъдодҳое аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, новобаста ба синну сол ва шуғл иштирок мекунанд.
Озмун дар панҷ марҳила: кастинг, санҷишҳои боз, чорякфинал, нимфинал ва гранфинал сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 овозхони тоҷик Чоршанбе Аловатов ғолиби мутлақи озмун ва гирандаи 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар, ҷоизаи асосии озмун гардида буд. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад.
Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал бо забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард.