Боймирзоев, муштзани тоҷик барандаи Ҷоми ҷаҳон шуд

Камолиддин Боймирзоев, муштзани тоҷик дар вазни сабук барандаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои дастӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Варзишкори тоҷик дар Русия барандаи ҷойи аввали мусобиқа барои Ҷоми ҷаҳон дар риштаи муҳорибаи дастӣ гардид.
Дар маҷмуъ дар Кохи варзиши Ирина Винер-Усмонова ҳудуди 10 сабқати ниҳоӣ баргузор гардид, ки дар он се варзишкори русиягӣ Азамат Сомгунов дар вазни то 79 кило, Темирхон Ҳасанов - 75 кило ва Николай Киселев - беш аз 90 кило баранда шуданд.
Миёни занон дар вазни то 55 кило Мафтуна Кувандикова аз Ӯзбекистон дастболо гардид.
Дар вазни то 60 кило Шаҳбоз Турсунов аз Ӯзбекистон, дар вазни 65 кило Сауран Арапбой аз Қазоқистон, дар вазни то 80 кило Огабек Қодиров аз Ӯзбекистон, то 85 - Айбек Саметаев аз Қазоқистон ва дар вазни то 75 кило варзишкори амрикоӣ Ҷесси Ҷей Смит баранда шуданд.
Мусобиқаи дав дар Душанбе ба масофаи 10 километр: Пирӯзии як мактабхон ва донишҷӯй
Мусобиқа барои Ҷоми ҷаҳон дар риштаи муҳорибаи дастӣ бори аввал дар Русия гузаронда шуд. Ғолибон дар баробари медалҳо инчунин унвони устоди хизматнишондодаи варзиши сатҳи байналмилалиро ба даст меоранд.
Дар маҷмуъ дар мусобиқа беш аз 300 варзишкор аз 37 кишвар иштирок намуданд.