Азизов бо баҳои ҷон як нафарро дар метро наҷот дод, ки баъдан ҷасадашро ёфтанд

Алихон Азизов, як ҷавони 26-cола дар метрои Маскав мусофиреро, ки зери қатор ҷаҳид, наҷот доду худаш ба ҳалокат расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Идораи нақлиёти Маскав бо нашри навори ҳодиса изҳор дошт, ки марде дар истгоҳи "Сходненская" худро пеши қатор партофтанӣ шуд, ки роҳгузари дигар хост, аз ин кораш ҷилавгирӣ кунад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳар ду зери қатор афтиданд ва роҳгузаре, ки талоши наҷоти нафари дигарро дошт, ба ҳалокат расид. Марди дигар аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, навишт идораи нақлиёти Маскав.
Дар Ҷопон марди мусаллаҳ ба мусофирони метро ҳамла кард - навор
Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз роҳгузаре, ки бо баҳои ҷон талоши наҷоти нафари дигарро кард, Алихон Азизов ном мебаранд, ки 26 сол доштааст.
Ҳувияти нафари дигар то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст. Таъкид мекунанд, ки ҷасади ин нафари наҷотёфта дар метроро, баъди чанде аз назди бинои бисёрошёна дар кӯчаи "Свобода" ёфтанд, ки зоҳиран худкушӣ кардааст.
Дар пайи ин ҳодиса ҳаракати қатор дар хатсайри Таганско-Краснопресненский масдуд шуда, баъди чанде барқарор гардид. Таъкид мешавад, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.