ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз дидори сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода бо намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умри Афғонистон Томас Николсон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои мусоидат ба ҳалли зудтари буҳрони Афғонистон таъкид кардаанд.
Аз ҷумла дар ин дидор роҳҳои бештари расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла зарурати кумак ба эҳёи иқтисоди ин кишвар баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба имконоти кишвар дар робита ба ҳамлу нақл Гулмаҳмадзода аз омодагии ҷумҳурӣ барои расондани кумакҳои байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон хабар дод.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки кишвар омодааст, имконоти логистикӣ барои ироаи кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистонро фароҳам кунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани эътиборномаи сафирони теъдоде аз кишварҳо гуфт: "Буҳрони амиқи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист, боиси ташаннуҷ дар минтақаи мо шудааст".
Ӯ гуфт, Тоҷикистон омодааст, имконоти густурдаи логистикии худро барои расонидани кумакҳои байналмилалӣ ба ҳамсояи наздикаш пешниҳод кунад.