ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Масъалаҳои амнияти минтақаӣ тақозо мекунанд, ки ба ҳузури низомии нерӯҳои НАТО-и аз қаламрави Афғонистон хориҷшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза надиҳанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба суханони раиси Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсия Григорий Карасин.
Дар ин бора сиёсатмадор рӯзи чаҳоршанбе дар ҷараёни Форуми VII байнипарлумонии "Тоҷикистон - Русия: зарфияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ" изҳори назар кард.
Ба гуфти сенатор, кумакҳои башардӯстона барои барқарорсозии иқтисоди Афғонистон метавонад барои ба эътидол овардани вазъ нақши ҳалкунанда бозад.
"Бахши аъзами хароҷоти эҳёи Афғонистон бояд ба дӯши Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, ки масъулияти аслии вазъи буҳронӣ дар минтақаро ба зимма доранд, вогузор шавад", таъкид кард Карасин.
Коршинос қайд кард, ки "хуруҷи сареъ ё фирори нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон барои тағйири куллии вазъи на танҳо ин кишвар, балки дар маҷмуъ минтақа шароит фароҳам овард".
Дар робита ба ин ӯ аз мавқеи роҳбарияти Русия ёдовар шуд, ки мегӯяд, вазъ дар минтақаи масъулияти СААД ва сарҳадҳои хориҷии кишварҳои узв на танҳо ноустувор аст, балки барои кишварҳои узв чолишҳои нави воқеан шадид ва хатарҳоеро ба вуҷуд меорад.
Яке аз чунин чолишҳо, ба гуфтаи ӯ, ин ҷараёни муҳоҷират аз Афғонистон аст, зеро террористон ва ҷинояткорон метавонанд зери ниқоби гурезаҳо ба кишварҳои ҳамсоя ворид шаванд.
"Вазифаи муҳим мубориза бо истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, пешгирӣ аз густариши фаъолияти террористӣ мебошад", - гуфт Карасин.
Ба гуфти вай, ҳадафҳои ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла ворид кардани намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ба ҳукумати муваққатӣ ва баъдан баргузор кардани интихоботи умумӣ, ки мақомоти нави Афғонистон эълом кардаанд, сазовори эҳтиром аст.
Вай афзуд, Маскав ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир аст, ки ба он намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон низ ворид мешаванд.