Аз Фаридун то Шоҳида: 14 варзишгар аз Тоҷикистон ба Қаҳрамонии самбои ҷаҳонӣ меравад

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр баргузор мешавад, ки дар он беҳтарин варзишкорони тоҷик ширкат мекунанд.
Дар ин мусобиқа 7 варзишкори тоҷик дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ ширкат мекунанд.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад. Аввалин бор ғолибон дар 7 категорияи вазнӣ дар ҳар се равия муайян мегарданд.
Темур Раҳимов дар Боку медали нуқра гирифт - видео
Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.
Гуфта мешавад, мусобиқа дар шароити махсуси санитарии марбут ба пандемияи COVID-19 баргузор мешавад. Ширкаткунандагони онро лозим аст, ки аз ташхиси коронавирус гузаранд ва инчунин ҳама меъёрҳои санитариро риоя кунанд.