ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик, ки дар мусобиқаи "Baku Grand Slam - 2021" ба гирифтани медали нуқра сазовор шуд, ба Тоҷикистон баргашт ва аз ӯ истиқбол карданд.
Сомонаи "Варзиш" хабар медиҳад, ки намояндагони Федератсияи ҷудо, варзишгарон ва мухлисони ӯ дар саҳни бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ин паҳлавонро пешвоз гирифтанд.
Нахуст ӯро қаҳрамони ҷаҳон Дилшод Назаров бо гулдаста пешвоз гирифт ва аз қувваозмоии дидании ӯ тавсиф намуда, изҳор кард, ки дар оянда Раҳимов имкони гирифтани медали тилоро низ дорад.
Худи варзишгар низ зикр намуд, эътимоди Назаров нисбаташ боиси фахри ӯст ва ваъда дод, ки дар мусобиқаи баъдӣ кӯшиш мекунад, ба Тоҷикистон медали тило орад.
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов, ки дар мусобиқаи мазкур ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт, рақиби олмонияш Ҳейнле Свенро шикаст дода, дар марҳилаи ниҳоӣ аз рақиби ҷопонияш шикаст хӯрд.
Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ Раҳимовро шодбош гуфта, медали нуқраро низ дар чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дастоварди бузург хондаанд.