Афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон

Ба навиштаи як рӯзномаи хориҷӣ, таҳрими ҳукумати толибон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси афзоиши кишти кӯкнор дар Афғонистон шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Таҳримҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ҳукумати толибон мунҷар ба афзоиши кишти хашхош дар бисёре аз нуқоти Афғонистон шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Reuters”.
Тибқи омори пешакӣ, дар 22 вилояти Афғонистон дар маҷмуъ дар 224 ҳазор гектар замини кишоварзӣ кӯкнор кишт шудааст.
Бар асоси ин гузориш, бисёре аз афғонистониҳо барои таъмини зиндагии худ ба кишти хашхош рӯ овардаанд.
Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки кишти хашхош дар миқёси васеъ мушкилоти зиёдеро аз ҷумлаи қочоқ ва эътиёди маводи мухаддир, ҷиноят, бесуботии иҷтимоӣ, бадтар шудани вазъияти саломатии мардум ва тахриби сохтор иқтисодии Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст.
Иёлоти Муттаҳида аз замони ба қудрат расидани толибон миллиардҳо доллар маблағҳои Афғонистонро мунҷамид кардааст. Ин иқдом боиси афзоиши камбизоатӣ дар миёни мардум шудааст.