Сарнавишти равобити Русия ва Тоҷикистон дар даҳ соли оянда

Коршинос гуфт, ки Маскав дар робита ба Осиёи Марказӣ кадом сиёсатро пеш хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Садоқат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати Русия дар даҳ соли оянда ҷои асосиро ишғол мекунад. Дар ин бора президенти Муассисаи миллии тадқиқоти илмии иқтисоди ҷаҳон ва муносибатхои байналмилалии Фарҳангистони улуми Русия Александр Динкин зимни ҳамоиши Олмону Русия изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав дар пасманзари авзои ноороми Афғонистон чунин равишро пеш хоҳад гирифт.
Коршинос ёдовар шуд, ки фазои пасошӯравӣ ба се кишвари аврупоӣ, се қафқозӣ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақсим мешавад.
Лякин-Фролов асоси муносибатҳои боэътимоди Русия ва Тоҷикистонро гуфт
Ба гуфтаи Динкин, ду кишваре низ ҳастанд, ки бо Маскав душманӣ доранд: Гурҷистон ва Украина. Аз ин лиҳоз Русия набояд ба чунин бархӯрди яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ роҳ диҳад.
“Дар тӯли панҷ то даҳ соли оянда сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи Маскав хоҳад буд, бахусус дар пасманзари ҳодисаҳои рухдода дар Афғонистон", - гуфт коршинос.
Ғайр аз ин ӯ гуфт, сарҳади Русия бо Қазоқистон бар хилофи сарҳади Русияву Чин "комилан баста нест".
Динкин инчунин ба мавзуи интихобот дар Олмон, ки бо ғалабаи Ҳизби сотсиал-демократии мамлакат поён ёфт, дахл кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин як тағйироти бузург аст ва Федератсияи Русия бояд баҳси созишномаи эътилофро пайгирӣ кунад.