Раиси нави Хоруғ аз боварии роҳбарият ва мардум ба милиса гуфт: Афзоиш ёфтааст

Ризо Назарзода, раиси навтаъйини шаҳри Хоруғ мегӯяд, боварӣ ба кормандони милитсия афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ маъмурини милитсияро бо иди касбияшон шодбош гуфта, таъкид намудааст, ки ниҳоди умури дохилӣ ба яке аз ниҳодҳои муҳиму қудратманди давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст.
Ризо Назарзода, ки ахиран бо фармони раисҷумҳур ба роҳбарии Хоруғ таъйин гардид, афзуд, ки мақомоти умури дохилӣ дар тӯли фаъолияти худ ба муваффақиятҳои зиёд дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани қонунвайронкунию ҷиноят ва ҳимояи манфиати шаҳрвандон ноил гардидааст.
Таҷлили Рӯзи милитсия аз ВМКБ оғоз шуд: паёми шодбошии Алишер Мирзонабот
"Милитсияи тоҷик исбот намудааст, ки фаъолияти ин мақомот ба таъмини қонунияту тартибот равона гардида, имрӯз боварию эътимоди мардум ба он боз ҳам бештар шудааст", - омадааст дар паёми шодбошии Назарзода.
Ризозода изҳори итминон кардааст, ки милисаҳо минбаъд низ сазовори боварии роҳбарияти мамлакат ва мардум мегарданд.
Маврид ба зикр аст, соли 2012 дар Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он, 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил мегардад.