ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Хӯрокҳое, ки дорои рӯғанҳои ҳайвонот ва растанӣ ҳастанд, қодиранд, коронавирусро нест кунанд.
Дар ин бора профессори ФМБА-и Русия, доктори илмҳои тиб Маргарита Королева дар мусоҳиба бо "Российская газета" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мутахассис, чунин маҳсулот дар давраи пандемияи COVID-19 бояд як ҷузъи ҷудонашавандаи ғизои ҳар як инсон гардад.
Масалан, ҳар рӯз яку ним-ду қошуқ равғани маска истеъмол кардан лозим аст, гуфт духтур.
Хӯрокҳое, ки аз рӯғанҳои ҳайвонот ва растанӣ бой мебошанд, муҳофизати зидди илтиҳобиро таъмин мекунанд.
"Тухми мурғ барои наҳорӣ манбаи хуби витаминҳои дар рӯған ҳалшавандаи A, D ва E мебошад, ки барои муҳофизати масуният хеле муҳим аст", - гуфт Королева.
Вай қайд кард, ки истеъмоли чормағз дар нисфирӯзӣ барои беҳтар шудани саломатӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин пизишк аз сабаби оксидшавии рӯғанҳо пухтани онҳоро тавсия намедиҳад.
Инчунин, рӯғани зайтун, моҳии баҳрҳои шимолӣ, рӯғани гандуми сабзида, дарахти авокадо ва арган ба масуният таъсири мусбат мерасонад, хулоса кард мутахассис.