ДУШАНБЕ, 9 ноя— Sputnik. Девид Малпс, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази мутолеоти стротежӣ ва байналмилалӣ гуфтааст, ки бо тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон"* ва фурӯпошии иқтисоди ин кишвар интизор надорад, ки фаъолияташро дар ин кишвар аз сар бигирад.
"Бо таваҷҷуҳ ба фурӯпошии комили иқтисод мо фикр намекунем, ки фаъолиятамонро дар Афғонистон аз сар бигирем. Яке аз мушкилот ин низоми пардохт аст. Бо назардошти иқдомоти ҳукумати феълӣ имкони вуруди воқеии пули нақд вуҷуд надорад", - гуфт ӯ.
Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 20 тарҳи рушд дар Афғонистон дорад ва аз соли 2002 ба ин сӯ ба ин кишвар 5,3 миллиард доллар, асосан дар шакли грант ироа кардааст.
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон Сандуқи Байналмилалии Пул низ кумакҳояш ба ин кишварро мутаваққиф ва шартҳояшро барои ироаи кумаку қарзҳо баён дошт.
Ёдовар мешавем, баробари суқути ҳукумати пешини Афғонистон ИМА низ дастрасӣ ба тамоми суратҳисобҳои хориҷии ин кишварро масдуд кард.
Ҳоло ин маблағҳо, ки наздик ба 10 миллиард доллар гуфта мешаванд, барои ҳукумати худхондаи "Толибон"* дастрас нестанд.
Гурӯҳи "Толибон"* борҳо мустақиман ва аз тариқи дигар давлатҳо аз ИМА хостааст, ки суратҳисобҳои ҳукумати пешинро боз кунад, аммо Кохи Сафед низ дар посух шартҳои худро гузоштааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон