Амрико намехоҳад сафорати худ дар Кобулро фаъол кунад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи боз кардани сафорати худ дар Кобулро баррасӣ намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Амрико мегӯяд, фаъол кардани сафорати худ дар шаҳри Кобули Афғонистонро зарур намедонад.
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Том Уэст мегӯяд, Вашингтон ҳоло рафтори "Толибон"*-ро назорат мекунад.

"Масъалаи боз шудани сафорати Амрико дар Кобул аз масъулиятшиносӣ ва рафтори минбаъдаи онҳо вобаста аст", - афзудааст ӯ.

Маврид ба зикр аст, ки Амрико пас аз берун овардани низомиёнаш аз хоки Афғонистон ҳузури дипломатии худро дар ин кишвар барои як муддати номуайян қатъ кард ва сафораташро аз Кобул ба пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа интиқол дод.
Халилзод: Кори Амрико дар Афғонистон ҳанӯз тамом нашудааст
Пас аз хуруҷи низомиёни хориҷӣ "Толибон"* қудратро ба даст гирифт. Аммо то ҳол ҳукумати "Толибон"* -ро ҳич давлате ба расмият нашинохтааст.
* -Созмоне, ки бинобар фаъолияти террористияш аз тарафи СММ таҳрим шудааст.