ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Роҳбари "Толибон"* волиҳои 17 музофоти Афғонистонро таъйин кардааст. Дар ин бора Билол Каримӣ, ноиби намояндаи расмии "Толибон"* дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Бар асоси иттилоияи "Толибон"*, ки Каримӣ шоми 7 ноябр нашр кард, волиҳои Бадахшон, Пактиё, Кобул, Кундуз, Бағлон, Лугар, Пактико, Бомиён, Урузгон, Фароҳ, Сарипул, Ҷузҷон, Форёб, Майдон Вардак, Зобул, Нимрӯз ва Ғазнӣ таъйин гардиданд.
Инчунин таъкид шудааст, ки дар бархе вилоятҳо ноибони волӣ ва сардорони пулис низ истихдом шудаанд.
Қудрат дар Афғонистонро "Толибон"* нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуд.
Роҳбари кобина ё худ сарвазир дар ҳукумати "Толибон"* Муҳаммад Ҳасан Охунд мебошад. Ба мақомҳои ноиби аввали сарвазир Мулло Бародар ва дуюми сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ таъйин шудаанд.
Яке аз талаботе, ки нерӯҳои мухолифини "Толибон"* дар Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон дар пеши аъзои ин ҳаракат мегузоранд, ташкили ҳукумати ҳамашумул мебошад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар