Русия ба Кобул кумаки башардӯстона мерасонаду донишҷӯёни афғонро берун меорад

Барои донишҷӯёни афғон, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, парвозҳои махсус ташкил карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Русия барои расонидани кумаки башардӯстона ба Кобул парвози махсус омода мекунад гуфт, сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов.
Вай қайд кард, он шаҳрвандони Афғонистон, ки шаҳрвандии Русия доранд, дар моҳи ноябр бо ҳамин парвозҳо бароварда мешаванд.

"Ҳоло мо барои ташкили парвози махсус дар ин ҷо омодагӣ мегирем. Як гурӯҳи бузурги кумакҳои башардӯстонаи ғизоӣ оварда мешавад. Дар ҳамин парвозҳои махсус афғонҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд, берун меорем", - гуфт Жирнов дар суҳбат ба шабакаи телевизионии "Россия 1".

Ба гуфтаи сафир, барои донишҷӯёне, ки тибқи квотаҳои махсус ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд ва ҳамчунин барои таҷрибаомӯзӣ чанд парвоз ташкил карда мешавад.
"Онҳо ҳатто барои чипта пул надоранд, аммо омӯзиш бояд идома ёбад. Худи толибон аз ин ҷонибдорӣ мекунанд", - афзуд дипломат.
Умеди "Толибон"* аз Русия барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Афғонистон
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико шиддат гирифт. То нимаи моҳи август "Толибон"* ҳукумати қаблиро суқут дод ва худ идораи Афғонистонро ба даст гирифт.
Аввали моҳи сентябр ҷангҷӯён ҳукуматашонро ташкил карда, аъзои кобинаашонро эълон карданд, ки бинобар ҳамашумул набуданаш мавриди бархӯрди шадид қарор гирифт.
Ҳамакнун наздик ба се моҳ мешавад, ки "Толибон"* Афғонистонро идора дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ононро ба расмият нашинохтааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон