ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Талаботи ваксиназании ҳатмӣ барои вуруд ба ИМА аз 8 ноябр амалӣ мешаванд, хабар додааст РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, мақомоти ИМА талаб доранд, ки зимни саворшавӣ ба ҳавопаймо шаҳодатнома дар бораи ваксиназанӣ пешниҳод карда шавад. Қаблан хабар дода шуд, ки ин талабот то замони бекор шуданаш аз ҷониби президент амал мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки танҳо ваксиназанӣ бо доруҳои тасдиқкардаи ИМА ва ё Созмони ҷаҳонии беҳдошт қабул карда мешаванд, ки феълан ваксинаҳои истеҳсоли Русия дар ин феҳраст нест.
Аз ин муқаррарот танҳо дипломатҳое, ки бо сафари давлатӣ вориди ИМА мешаванд, афроди синнашон аз 18 поин ва онҳое, ки расман ваксина барои онҳо номақбул дониста шудааст, истисно мебошанд.
Феълан дар мавриди онҳое, ки барои мусобиқаҳои варзишӣ вориди ИМА мешаванд, муқаррароти рӯшан нест.
Тибқи муқаррароти мақомоти ИМА, комилан ваксинагирифта нафаре маҳсуб меёбад, ки вояи дуюмро на пештар аз ду ҳафта то парвоз гирифтааст.