Муҳоҷирон дар Русия рӯй ба IT меоранд

Теъдоди муҳоҷироне, ки дар бахши IT дар Русия машғуланд ё кор меҷӯянд, майли афзоиш дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шумораи корҷӯён ва кормандон аз кишварҳои ИДМ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, навиштаст "Коммерсант".
Ба иттилои манбаъ, шумори муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, ки дар бахши барномасозӣ дар Русия фаъолият доранд, соли равон рекордӣ шуда, 62 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дархостҳои кор аз Қазоқистон 36% ва аз Украина 22% зиёд шуданд. Инчунин раванди гузариши мутахассисон аз Беларус ба Русия ҷой дорад, чун он ҷо маош ҳудуди 5% коҳиш ёфтааст.
Дар Русия шуғлҳоеро, ки ба муҳоҷирон ниёз доранд, номбар карданд
Коршиносон далели афзоиши муҳоҷирони довталаби кор дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русияро камбуди талабот ба чунин мутахассисон дар ватанашон мегӯянд. Инчунин таъкид шудааст, ки шароити кор дар бахши IT дар Русия беҳбуд ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои "Россотрудничества", самти информатика миёни довталабони таҳсил аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Роҳбари кафедраи иқтисоди меҳнати факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав Риорита Колосова бо таъкид ба рушди рақамӣ дар Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки ҳанӯз оғози кор буда, шумораи ҷойҳои корӣ дар ин соҳа дар ин кишвар ҳанӯз чандон зиёд нест.