Бало бар сари худ омад: мушкилоти Аврупо ва Русия дар масъалаи газ

Солҳои тӯлонӣ Аврупо талош кард, вобастагии худро аз гази Русия кам кунад. Яке аз воситаҳои асосии озодсозии бозор имзои созишномаҳои спотӣ буд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ин хуб кор кард, дар ҳоле ки газ ба кадри кофӣ ва он назар ба нефт арзонтар буд. Акнун маълум шуд, ки Ғарб иштибоҳ кард ва барои ин иқдомаш зарари ҳангуфтеро муттаҳамил мешавад.

Ислоҳоти бозор

Нақшаҳои даст кашидан аз "сӯзани энергетикӣ" бо назардошти сохтмони “Маҷрои ҷанубӣ” (лоиҳаи амалинашудаи лӯлаи байналмилалии газ дар зери баҳри Сиёҳ аз минтақаи Анапа то бандари Варнаи Булғористон) ва такя бар таъминкунандагони алтернативӣ, тавсеаи воридоти гази моеъ аст.
Озодсозии бозори газ пеш аз ҳама ба тағйир додани механизми нархгузорӣ мунҷар мешавад. Аксарияти қарордодҳо қаблан бо нархи нафт алоқаманд буданд. Тақрибан 20 сол пеш Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки аз ин даст кашад. Шакли дигари нархугузорӣ дар марказҳои нигоҳдории газ мебошад. Ин, дар ҳақиқат, биржаи сузишворӣ аст, ки дар он ҳама чиз аз талаботу пешниҳод вобаста аст.
Идомаи рекордгузории нархи газ дар Аврупо
Мо дар Ҳоланд ва Британияи марказ таъсис додем. Интиқоли гази моеъ аз Иёлоти Муттаҳида ва Қатар афзоиш ёфт. Дар буҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008 арзиши ашёи хом якбора коҳиш ёфт. Ин танҳо мавқеи Иттиҳодияи Аврупоро тақвият дод, ки воридотро бо қимати спотии газ вобаста мекард, на ба нафти гарон.
Ба ин тартиб, ба навиштаи "The WallStreet Journal", мансабдорон ва ширкатҳои аврупоӣ тайи даҳ соли ахир "бо муваффақият болои "Газпром" фишор оварданд."
То соли 2019 аксари шартномаҳои бузурги Русия бо ИА ба нархҳои спотӣ ё форвард асос ёфтаанд.

Стратегия ноком шуд

Аврупо ғалаба кард: "бозори бештар диверсификатсияшуда бо таъминкунандагони гуногун рақобат" пайдо кард. Газ доимо аз нафт арзонтар буд. Мушовирони мустақили энергетикӣ ҳисоб мекунанд, ки ИА 70 миллиард доллар сарфа кардааст. Бо вуҷуди ин имсол ҳама чиз тағйир ёфт.
Нархи сузишворӣ дар биржа сесад -чорсад фоиз баланд шуд. Шартномаҳои дарозмуддат имкон медиҳанд, ки якчанд моҳ таъхир карда шаванд. Аммо ҳаҷмҳои иловагиро бояд амалан аз рӯи нархҳои ҷорӣ харидорӣ кард, зеро ҳаҷми шартномавӣ кофӣ нест.
Рекорди нави нархи газ дар Аврупо
WSJ аз гуфтаҳои Ҷонатан Стерн, як коршиноси Пажуҳишгоҳи энергетикии Оксфорд иқтибос овардааст, ки "русҳо ба мо муддати тӯлонӣ гуфтанд: ин корро накунед, ин аблаҳист, ба нархҳои марбут ба нафт бимонед" ва онҳо дуруст мегуфтанд”.
Стратегияи он замоне кор мекард, ки газ ба таври кофӣ буд. Аммо ҳамин ки норасоӣ ба вуҷуд омаду нархҳо баланд шуд, нақша якбора барбод рафт. Тибқи ҳисобҳои Оҷонси Байналмилалии Энержӣ (IEA), Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2021 назар ба муқаррароти қаблӣ тақрибан 30 миллиард доллар бештар пардохт хоҳад кард.
Вазирони аврупоӣ саргардони чӣ гуна ҳал кардани ин мушкилот ҳастанд. Аммо тавре ки WSJ қайд мекунад, онҳо каме кор карда метавонанд, зеро Русия кӯмак намекунад: Маскав ҳамон қадаре ки тибқи қарордодҳо, пешбинӣ шудааст, ҳамон қадар газ медиҳад.
"Буҳрони энержӣ аз ҷониби мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, ки ба рушди босуръати энержии алтернативӣ нигаронида шудааст ва дастрасии "Газпром"-ро ба лӯлаи гази ОПАЛ маҳдуд кардааст, ба ҷуз аз амалҳои дигар, аз қабили қабули Маҷмаи сеюми энержӣ дигар чизе нест", - мегӯяд Леонид Хазанов, коршиноси мустақили саноатӣ.
Путин ваъда дод, ки тааҳҳудот дар бораи транзити газ тавассути Украинаро иҷро мекунад
Аммо стратегия боқӣ мемонад. Тавре раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар авоили моҳи октябр гуфта буд, таъминкунандагон диверсификатсия, инчунин гузариш ба энергияи тоза ва бахшидани суръат лозим аст. "Имрӯз Аврупо аз воридоти газ хеле вобаста аст. Ин моро осебпазир мекунад".
Аммо умеди афзоиши интиқол аз дигар манобеъ – аз Осиёи Марказӣ то гази сланец аз Аврупо амалӣ нашуд. Истеҳсоли худи Иттиҳодияи Аврупо аз сабаби зуд тамом шудани кони Гронингени Нидерландия коҳиш ёфтааст.
Гази моеъ то ҳол аз гази лӯла 30 дарсад гаронтар аст. Илова бар ин, барои он инфраструктураи кофӣ нест. Сохтмони он хеле гарон аст. Дар натиҷа, 90 дарсади гази мавриди ниёзи Иттиҳодияи Аврупо ворид мешавад, ки тақрибан нисфи он аз Русия аст.
Ба навиштаи "Bloomberg", Маскав мехоҳад қоидаҳоро бознигарӣ кунад. Дар ҳоле ки интиқол ба Аврупо бо нархҳои спот метавонад фоидаовартар бошад. Русия ба шартномаҳои дарозмуддат манфиатдор аст. Дар ин бора Путин дар форуми Ҳафтаи энергетикии Русия низ гуфта буд.
“Олмон газро ба арзиши на ду ё се ҳазор доллар, балки 250-230 доллар мегирад. Газпром ҳатто зарар мебинад... Аммо бо вуҷуди ин истеҳсолкунанда ба ин субот манфиатдор аст. Зеро ӯ медонад, ки ҳадди ақалл чӣ мефурӯшад. Чунин ҳаҷмро барои фалон нарх ба мисли ҳадди ақалл таъмин намуда, баъдан сиёсати сармоягузории худро мувофиқан месозанд”, - қайд кард раисҷумҳур.
Газ ва Исроил: чигуна Аврупо Русияро боз бо дигаре иваз кард
"Шартномаҳои дарозмуддат устувории таъминот ва нархгузории шаффофро дар тӯли чанд сол таъмин мекунанд, ҳатто агар даромад аз онҳо камтар бошад," тасдиқ мекунад Хазанов.
Алексей Гривач, муовини директори генералии Хазинаи амнияти миллии энергетикӣ, гуфт, вобастагии классикии нарх бо нафт кӯҳна шудааст, зеро газ амалан бо маҳсулоти нафтӣ дар Аврупо дар ҳеҷ сегмент рақобат намекунад. Дар баробари ин, бозори нафт хеле рушд кардааст ва онҷо бозиеро мо мушоҳида дорем, вуҷуд надошт. Дар 18 моҳи охир дар ҷои газ.. Дар аввал нархҳо 5-6 маротиба коҳиш ёфтанд, баъд зуд 20 маротиба боло рафтанд.
Шартномаҳои дарозмуддат хеле муҳиманд. Бо назардошти таҷрибаи талх, Иттиҳодияи Аврупо метавонад омодагии худро барои бозгашт ба низоми кӯҳна изҳор кунад.
Аммо имкон дорад, ки инҳисори Русия бо пешниҳоди нархҳое, ки на ба нафт ва на ба спот иртибот надоранд, гуфтушунидро бо ширкатҳои бузурги аврупоӣ осонтар созад.