Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

“Ин хабари дурӯғ аст”: Дар Суғд ҳодисаи сангбороншавии мошини қирғизҳоро рад карданд

Масъулони ҷамоатҳои наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳодисаи сангбороншавии мошини қирғизҳо аз ҷониби низомиёни тоҷикро рад карда, ин хабарро дурӯғу беасос номиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварзи ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи сангпартоӣ ба сӯйи мошинҳои қирғизҳо аз ҷониби низомиёни тоҷикро рад намуд.

“Ман ҳам ин хабарро хондам, ин хел ҳодиса дар ҳудуди ҷамоат рух надодааст. Ин хабари бардурӯғ аст. Ҳоло ҳама ҷо тинҷу ором аст”, - гуфт муовини раиси ҷамоати Хистеварз.

Ин дар ҳолест, ки КДАМ Қирғизистон дирӯз дар расонаҳои ин кишвар дар бораи осеб дидани мошини низомиёни қирғиз аз сӯйи сарҳадбонони тоҷик хабар ба дод.
Бар пояи хабари нашршуда, КДАМ Қирғизистон гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи чаҳоруми ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка - Борбордук, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" рух додааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Қирғизистон: Низомиёни тоҷик мошини марзбони қирғизро сангборон карданд
Ҳодиса тавре рух додааст, ки гуё як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст ва "дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд”, - омадааст дар хабари КДАМ Қирғизистон.
Аммо масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Суғд нашри хабарҳо дар бораи вуқуи ин ҳодисаро дурӯғ ва иғвоангезии марзӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя медонанд.
Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хушбахтона, марз ором аст ва нашри хабарҳо дар бораи сангборон кардани мошинҳои низомиёни қирғиз асоси воқеӣ надорад.

“Ин гуна ҳодиса рух надодааст ва чунин хабарҳо сохтаву бофтаи ҷониби қирғизҳост”, - гуфт Шукурзода.

Ёдовар мешавем, ки КДАМ Қирғизистон дирӯз дар расонаҳои ин кишвар дар бораи осеб дидани мошини низомиёни қирғиз хабар доданд. Гӯё дар ин кор марзбонони тоҷик даст доштаанд.
Тибқи гузориши ин ниҳод, 4 ноябр дар ноҳияи Лайлак, дар қитъаи роҳи Арка - Борбордук, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Бостон" як марзбони қирғиз савори мошинаш кӯшиш гардиш кардааст.
Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд
"Дар ҷараёни ин ҳаракат мошинро панҷ низомии тоҷик сангборон карданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ мегӯяд, онҳо кӯшиши боздошти ӯро кардаанд, вале ин талош бебарор будааст. Сарҳадбон осеб надидааст, танҳо шишаи мошинаш шикастааст.
Хистеварз ва Овчиқалъача ду ҷамоати наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳсуб мешаванд. Хистеварз беш 22,5 ва Овчиқалъача беш аз 18, 4 километр бо Лайлаки Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар умум беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз таъйину аломатгузорӣ нашудааст.