Юсуф Назокатов, зодаи Тоҷикистон ва муқими Бритониё дар мусобиқаи "Bellator 270" бар Стивен Костеллои ирландӣ пирӯз шуд.
Мусобиқа шаби гузашта дар шаҳри Дублин, дар варзишгоҳи “3 Arena” баргузор шуд. Барои ҳар ду варзишгар ин аввалин мубориза дар карераи касбии MMA аст.
Вохӯрии онҳо дар корти пешакии "Bellator 270" баргузор шуд. Назокатов қаблан дар задухӯрдҳои созмонҳои маҳаллии бритониёӣ ширкат мекард.
Букмекерҳо ин муборизро ҳамчун варзишкори қавӣ ва бо зарбаи вазнин арзёбӣ мекунанд.
Дар баробари ин варзишкори ирландӣ дӯстдоштаи букмекерҳо буд. Вале Назокатов аз дақиқаҳои аввали ҷанг ба тамошобинон таассуроти бузург бахшид.
Варзишкор ба ҳариф сахт ҳуҷум кард, бархӯрд пуршиддат ва аз намоишҳои хуби разм гардид.
Дар даври дуюм Назокатов пойи Костеллоро сахт дардманд кард. Баъд аз ин ирландӣ аз идомаи мубориза худдорӣ кард ва ба варзишгар аз рӯи таслим пирӯзӣ дода шуд.
Бархе аз расонаҳо гуфтаанд, ки зодаи Тоҷикистон акнун бо "Беллатор" шартнома барои чаҳор ҷангро имзо хоҳад кард.
Бархӯрди аслии ин чорабинӣ вохӯрии бразилӣ Патрик Фрейре ва ирландӣ Питер Куилли буд. Мубориза бо нокаути техникии ирландӣ анҷом ёфт.