Тағйироти кадрӣ дар Федератсияи тенниси рӯимизӣ: Ахмедов роҳбари нав интихоб шуд

Федератсияи тенниси рӯимизӣ аз фаъолияти чорсолаи худ ҳисобот дод ва роҳбарияти ин ниҳод ҳам иваз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар Душанбе Федератсияи тенниси рӯимизӣ аз фаъолияти чорсолаи худ ҳисобот дод.
Бинобар иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, роҳбари ин ниҳод Сайдулло Саидамиров зимни ироаи ҳисоботи чорсола аз дастовардҳои ин бахши варзиш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, беҳтарин дастовард ин медали биринҷии варзишгарон аз бозиҳои ИДМ мебошад, ки 4-11 сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор гашт.
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян шуданд
Дар он Минҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар рақобати ҷуфти писарон сазовори ҷои сеюм шуд буданд.

Сипас вакилон аз тариқи овоздиҳӣ роҳбарияти нави Федератсияи тенниси рӯимизии шаҳри Душанберо интихоб карданд.
Ҳамин тариқ Зокир Ахмедов раис, Сайдулло Саидамиров ноиби раис интихоб гардиданд. Ҳамчунин дар ҷаласа котиби генералӣ, аъзои комиссияҳои мураббиёну доварон, инчунин сармурабби дастаи мунтахаби тенниси рӯимизии шаҳри Душанбе муайян гардиданд.