ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ронандаи "Киа К-7" кӯдаки 4-соларо пахш карда, ки дар зимни ба бемористон интиқол додан ӯ ҷон додааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 5-уми ноябр, тахминан соати 14:58 рух додааст.
Ронандаи автомашиани тамғаи "Киа К-7" сокини 50-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Ҳодиса ҳангоми ҳаракат дар зеркӯчаи Деҳи Боло, аз тарафи кӯчаи Варзишгарон ба самти кучаи А. Синои пойтахт рух додааст.
Дар ин роҳ ронанда пиёдагарди хурдсол, сокини 4-солаи шаҳри Душанберо пахш намудааст.
"Дар натиҷа пиёдагари хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби худи ронанда ба беморхонаи Ибни Сино бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.