Мишустинро вориси Путин гуфтанд: Ба президент ҳам мақбул аст

Дар Русия бар ин боваранд, ки Михаил Мишустин вориси арзандаи Владимир Путин хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муваффақтарин вориси раисҷумҳури Русия Владимир Путин шояд сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин бошад.
Дар ин бора сиёсатшинос Павел Салин дар суҳбат бо "Свободная пресса" изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, номзадии нахуствазир ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ба тамоми элитаи сиёсӣ мувофиқ хоҳад буд.

"Гурӯҳҳои элита ба як номзади тавофуқӣ таваҷҷуҳ мекунанд ва ба таври умум чунин номзад дар шахси Михаил Мишустин аллакай вуҷуд дорад", - гуфт Салин.

Сиёсатшинос қайд кард, ки худи президенти Русия ҳам дар бораи номзадии Мишустин фикр мекунад.
"Вай номзади тавофуқӣ хоҳад буд ва ин имкон медиҳад, ки суботи низоми сиёсӣ "пас аз Путин" нигоҳ дошта шавад. Ин вазифаи калидӣ барои президент аст", - шарҳ дод Салин.
Путин дар бораи ворис, сарнавишти доллар ва пули рамзкоришуда гуфт
Зимнан, раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский низ бо ин коршинос ҳамназар аст. Ба гуфтаи вай, Мишустин, Сергей Шойгу, Сергей Собянин, Валентина Матвиенко ё Дмитрий Медведев метавонанд курсии раёсатҷумҳуриро ишғол кунанд.
Бо вуҷуди таваҷҷуҳи рӯзноманигорони рус ва хориҷӣ ба ин масъала Путин ҳеҷ гоҳ мустақиман ба ин савол ҷавоб намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, чунин суҳбатҳо вазъро дар кишвар ноором мекунанд.