ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА дар як навори видеоӣ бори дигар аз маъмурияти нави Амрико танқид кард.
Ӯ дар Аризона зимни суҳбат бо сокинон аз онҳо барои хомӯш наистодан дар қиболи ҳамаи қонуншиканию тақаллуб дар интихоботи президентии соли 2020 изҳори минатдорӣ кард.
Трамп гуфт, "интихобот барои кишвари мо як рӯзи хеле аламовару нангин буд. Ҳоло ба сарҳад, иқтисод, таваррум бингаред. Тарк кардани низомиён аз Афғонистон хеле фоҷиабор буд. Ин ҳатто рафтан набуд, таслим шудан ба онҳое буд, ки ҳатто силоҳ надоштанд".
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод.
Рӯзи 15-уми август нерӯҳои "Толибон"* вориди Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Баъдан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст.
Субҳи 16 август "Толибон"* эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд. Рӯзи 7 сентябр "Толибон"* рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон кард.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия