ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу тавзеҳ дод, ки чаро ҳукумати Туркия бо намояндагони "Толибон"* мулоқоту гуфтугӯ доир мекунад.
Вай изҳор дошт, ки бисёре аз кишварҳо саъй доранд бо ҳайати "Толибон"* мулоқот кунанд ва таъкид кард, ки мулоқоти Туркия бо ин ҳайат ба маънои эътирофи режими "Толибон"* нест.
Чавушоғлу афзуд, ҳама бо "Толибон"* дар пайи ҳамкориҳо ҳастанд ва зикр намуд, ки дар сурати фурӯпошии низом дар Афғонистон созмонҳои террористӣ қавитар мешаванд ва он гоҳ фалокати гӯшношунид рух хоҳад дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт, ки Туркия ба хотири берун овардани шаҳрвандони худ аз хоки Афғонистон бо ин гурӯҳ робита қавӣ намуд.
Зимнан, ба изҳори Мавлуд Чавушоғлу, Туркия феълан "Толибон"* -ро эътироф намекунад, ва дар мулоқот бо онҳо паёмҳои мушаххасу рӯшанро гӯшрасашон мекунад ва тамоми амалҳои онҳоро дар он кишвар зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳамалотро дар ин кишвар афзун дода, ахиран сари қудрат омаданд. Аммо то ҳол ҳеҷ созмону ташкилотҳо ва ҳамзамон кишварҳои дуру наздик ҳукумати "Толибон"* -ро дар Афғонистон ба расмият қабул накардааст.