ДУШАНБЕ, 4 ноя. — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия (Ӯзкомназорат) Ғолибшер Зиёевро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазифа озод кард, гуфт дафтари матбуотии президент.
Ҳамин тариқ дар Ӯзбекистон дастрасӣ ба "Telegram" ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои машҳур маҳдуд карда шуд.
"Сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия (Ӯзкомназорат) Ғолибшер Зиёев барои иқдомҳои ғалат ва ҳамоҳангнашудааш аз вазифааш озод карда шуд", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Манбаъ афзуд, дар робита ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ гузаронида хоҳанд шуд.
“Аз рӯи натиҷаҳои тафтишот нисбати ҳамаи раҳбарони масъули ин ҳодиса чораҳои мушаххас андешида мешаванд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қаблан Ӯзкомназорат хабар дод, ки ба далели нақзи қонун дар бораи маълумоти шахсӣ, дастрасӣ ба шабакаҳои "Telegram", "Facebook", "Odnoklassniki", "YouTube", "Instagram" дар ҷумҳурӣ масдуд шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ тавзеҳ дод, ки маҳдудиятҳо ба далели нигоҳдорӣ ва коркарди маълумоти шахсии шаҳрвандони Ӯзбекистон берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ҷорӣ шудаанд.
Чанд соат пас аз ин дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ хабар дод, ки бо фармони Мирзиёев тамоми маҳдудиятҳо лағв шуда, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар ояндаи наздик пурра барқарор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии Вазорати рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ хабар дод, ки таваққуф дар кори шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели "нуқсонҳои фаннӣ дар таҷҳизоти куҳна" сурат гирифтааст.