ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Муҳоҷирони ӯзбекистонӣ, ки барои кор ба сохтмонҳои Русия фиристода мешаванд, дар як моҳ аз 40 ҳазор рубл боло маош хоҳанд гирифт, иттилоъ додааст хадамоти матбуотии Агентии муҳоҷирати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории ин ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ба хоҳишмандоне, ки мехоҳанд барои кор ба Русия бираванд, аз рӯи 60 ихтисос дар бахши сохтмон кор пешниҳод мешавад.
"Маош вобаста ба ҳаҷми кор аз 40 ҳазор рубл оғоз мешавад", — таъкид кардааст манбаъ.
Ба муҳоҷирони ӯзбекистоние, ки хоҳиши дар сохтмонҳои Русия кор карданро доранд, дар даҳ вилояти Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Амур, Новосибирск, Калуга, Тула, Мурманск, Калининград ва вилоятҳои Маскав, инчунин Краснодар кор пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 7 октябр нахуствазири Русия Михаил Мишустин фармон дар бораи оғози барномаи озмоишии ҷалби 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон ба сохтмонҳои Русияро имзо кард.
Ин барнома дар Ӯзбекистон дар нимаи моҳи октябр оғоз шуд. Тибқи ҳисобҳои ҷониби Ӯзбекистон, барномаи мазкур то нимаи моҳи январи соли 2022 амалӣ карда мешавад. Қаблан ширкатҳои сохтмонии Русия дар бораи норасии қувваи корӣ хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли 2021 дар муқоиса бо соли 2019 16 маротиба бештар муҳоҷирони корӣ бо тарзи муташаккилона аз Ӯзбекистон ба Русия расман ҷалб шудаанд. Шумори умумии онҳо 63 ҳазор нафарро ташкил дод.
Қаблан Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон ба ҳамкорони русӣ худ пешниҳод карда буд, ки ҷалби муҳоҷиронро содатар кунанд.