ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо дар Департаменти тандурустии ИМА маълумоти машваратии сайёҳии худро нав кард.
Тибқи рейтинги нашршуда Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон "сатҳи хатари сироятёбӣ ба COVID-19 маълум нест". Антарктида низ дар ҳамин қатор аст.
Ин мавқеъ дар раддабандӣ барои Туркманистон тааҷҷубовар нест: аз оғози пандемия дар он ҷо ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст, ҳарчанд мақомоти он пас аз сафари намояндаҳои ТУТ ба ин кишвар тамоми чораҳои заруриро рӯи даст гирифтанд.
Аммо дар қатори ин кишвар қарор гирифтани дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ аҷиб ба назар мерасад, зеро вазоратҳои беҳдошт ҳамарӯза дар бораи омори COVID-19 гузориш ва аз ниқобпӯшӣ то эмгузаронӣ тавсия медиҳанд.
Зимнан Қирғизистон дар феҳрасти Вазорати тандурустии ИМА, дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки хатари сирояти COVID-19 кам аст. Аксарияти кишварҳои Аврупо ва ИДМ ба гурӯҳҳое, ки хатари гирифторӣ ба коронавирус дар онҳо зиёд ё хеле бештар аст, дохил карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки новобаста аз раддабандии кишварҳо Департаменти тандурустии ИМА аз амрикоиҳо даъват мекунад, ки пеш аз сафар ба хориҷа эм кунанд.