ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Бо супориши ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вобаста ба маводи нашршуда дар расонаҳо дар хусуси заҳролудшавии маҳкумшудагон аз оби ошомиданӣ дар зиндони ЯС3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд, иттилоъ додааст хадамоти матбуотии ваколатдор.
Тибқи иттилои манбаъ, сараввал вобаста хабарҳои нашршуда бо сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ, Вазорати адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Турсунов суҳбат гузаронида шуд.
Сардори муассисаи ислоҳии ЯС3/1 иброз намудааст, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад.
Инчунин ӯ ба мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон маълумотномаи Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро пешниҳод намудааст, ки дар он навишта шудааст, намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 пурра ҷавобгӯ мебошад.
Гуфта мешавад, бо маҳкумшудагон вобаста ба маводи нашршуда суҳбат гузаронида шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар қисми тиббӣ ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат мегиранд.
Маҳбусон ба намояндагони ваколатдор гуфтанд, ки оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.
“Маҳкумшудагон, ки ба сифати табиб дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, нишон дод, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафари аз об заҳролудшуда дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст. Инчунин онҳо иброз намуданд, миёни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангез паҳн менамоянд”, - гуфт манбаъ.
Чанде пеш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Омбудсмени тоҷик хоҳиш намуда буданд, ки ба қазияи 40 нафар зиндонии заҳролудшуда дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон расидагӣ кунад.
Қаблан расонаҳо дар бораи заҳролуд шудани зиндониён дар яке аз муассисаи ислоҳӣ хабар дода буданд.