Муфтӣ: Дар Маскав масҷид барои муҳоҷирон намерасад

Муфти вилояти Маскав вазъи масоҷид дар пойтахтро мушкил хонд ва гуфт, ҳатто бидуни муҳоҷирон ҳам барои намозхонаҳо ҷой намерасад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, муфтии вилояти Маскав Рӯшан Аббясов гуфтааст, ки дар Маскав масҷидҳо барои мусалмонони маҳаллӣ, ҳатто бидуни ба назар гирифтани муҳоҷирон кофӣ нестанд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Аз ин рӯ бунёди маконҳои нави намозгузорӣ берун аз Маскав ва коҳиши намозгузорон дар масоҷиди шаҳр ба беҳбуди вазъ мусоидат мекунад, гуфтааст ӯ.

"Агар ин хушбинӣ сурат гирад ва муҳоҷирон кам шаванд, барои мо осонтар мешавад. Зеро дар Маскав иҷозаи бунёди масҷиди навро надорем, ҳарчанд мо пешниҳод кардем, ки барои сабук кардани маркази шаҳр дар навоҳӣ масҷид бунёд кунем, зеро масоҷиди мавҷуд бидуни ба назар гирифтани муҳоҷирон, ҳатто барои мусулмонони маҳаллӣ кофӣ нестанд”, - гуфт Рӯшан Аббясов.

Номбурда қайд кард, ки муҳоҷир пеш аз ҳама инсон аст, офаридаи Худост ва барои ӯ масҷид рафтан муҳим аст.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои муфтиҳои Федератсияи Русия, дар Маскав масҷидҳо бо дарназардошти мардуми маҳаллӣ сохта шуда буданд ва ҳоло ҷой дар онҳо камӣ мекунад.
Масҷидҳои Маскав дар давраи маҳдудиятҳои коронавирус баста намешаванд
Аббясов зикр кард, ки 15 сол пеш намояндагони ҷомеаи мусалмонон бо шаҳрдории Маскав тарҳи бунёди масҷидҳо дар навоҳии ин шаҳрро ба манзури рафъи сарборӣ дар пойтахт баррасӣ ва сипас шаҳрдорӣ "маконҳо барои сохтмон"-ро пешниҳод кард.
"Аммо дар ин муддат масъала ҳалли худро наёфт. Ҳангоме ки шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахт ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва чун онҳо, ки аксаран мусалмонанд, вазъи масоҷид хеле мушкил шуд", - хулоса кард муфтӣ.