23 кас куштаву 50 захмӣ - ҷузъиёти тозаи таркишҳо дар Кобул

Бар асари таркиши интиҳорӣ дар як бемористони шаҳри Кобул дастикам 23 нафар кушта ва 50 каси дигар маҷруҳ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Теъдоди қурбониёну захмиҳо дар ду таркиши интиҳории рӯзи дуюми ноябр дар маркази Афғонистон маълум шуд.
Ҳарчанд ин омор ҳоло ниҳоӣ нашудааст, вале расонаҳо аз кушта шудани 23 нафар дар ин инфиҷорҳо хабар медиҳад. Ҳамзамон наздики 50 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шудааст.
Қаблан аз кушта шудани 19 нафар хабар дода мешуд.
Дар Кобул, назди бемористоне маргталабе худро тарконд
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Бохтар" хабар дод, ки ҳамла ба бемористон дар Кобулро ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* анҷом додаанд.
Қаблан яке аз шоҳидон ба РИА "Новости" гуфта буд, як гурӯҳи террористон вориди бинои бемористони Кобул шуда ва дар он ҷо инфиҷор ташкил кардааст, ки бар ин мабно даргириҳои "Толибон"* бо ин гурӯҳ идома дорад.
Билол Каримӣ, сухангӯи "Толибон"* гуфт, рӯзи сешанбе дар як бемористони Кобул ду таркиш рух додааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хустӣ, нерӯҳои вижа ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.