ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи кушоди таэквандо анҷом ёфт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 61 варзишгари синну соли гуногун намояндагӣ намуд ва дастикам 26 медал, аз ҷумла 5 медали тиллоро соҳиб шуданд.
Федератсияи таэквандои ВТФ -и Тоҷикистон хабари иштироки 61 варзишгари тоҷикро таъйид намуда, изҳор дошт, ки аз ин теъдод варзишгарон 46 нафар писар ва 15 кас духтар буданд, ки ҷамъан ба гирифтани 26 муваффақ шуданд.
Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Муниса Ойматова, Рӯзигул Саидова, Азимҷон Абдуллоев ва Исмоил Исроилзод гирифтанд.
Ҳамчунин варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқа 8 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадҳасан Шоҳмамадов беҳтарин варзишгари мусоиқа ва Далер Фозилов беҳтарин мураббӣ дониста шуданд.
Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат карданд.