Роҳандозии барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекор ва бекасб тарроҳӣ шудаааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бо мақсад роҳандозии барномаи электронии бақайдгирии ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ахиран дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз таҳияи барномаи электронии сабти номи ҷавонони бекору бекасб муайян, мушаххас намудани онҳо ва дар ин замина ба касбомӯзию ба ҷойи кори мувофиқ таъмин кардани насли ҷавони кишвар мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ҷаласа барномаи электронӣ бо рӯнамо ба ҳозирин пешниҳод шуда, тарзу усули роҳандозии давраи пилотии он баррасӣ шуд.
Раҳмон гуфт, коронавирус несту оқибатҳояш ҳаст: Ӯ аз бекорӣ, нархҳо ва қурб зикр кард
“Инчунин муҳлати иҷрои он мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили низоми бақайдгирии барномаи мазкур ба масъулин супоришҳо манзур карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки то 30 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини вазорат ва кумита марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бекасб ба роҳ монда шуда, сабти номи шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шуруъ гардид.