ВУХ Туркманистон барои мулоқот бо "Толибон"* ба Афғонистон рафт

Вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар Кобул бо "Толибон"* машварат ва бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мулоқот мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов барои машварат бо "Толибон"* ба Афғонистон парвоз кард, хабар медиҳад агентии "Bakhtar".
Дар фурудгоҳи Кобул вазирро сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Билол Каримӣ, сухангӯи Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон дар саҳифаи "Twitter"-и худ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир музокирот миёни раҳбарони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар идома дорад.
Тошканду "Толибон"* дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба мувофиқа расиданд
Ёдовар мешавем, 27 октябр Рашид Мередов аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда буд, ки дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон мусоидат кунанд.
Вай ҳамчунин аз омодагии Туркманистон барои мусоидат дар иҷрои тарҳҳои минтақаӣ бо ширкати ин кишвар изҳори назар кард.
26 октябр Муҳаммад Исо Охунд, вазири истихроҷи маъдан ва нафти ҳукумати муваққати Афғонистон Хоҷа Овезов, сафири Туркманистонро ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодиро баррасӣ кард.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон