Аз амнияти сарҳадӣ то мавзуи терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо намояндагони САҲА

Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари кори ба Тоҷикистон омадаанд, бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Маргарета Седерфелтро дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили зиёде аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Председателю Парламентской ассамблеи ОБСЕ Маргарете Седерфельт
Таъкид шудааст, ки тарафҳо таҳкими ҳамкории байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.

“Ғайр аз ин мусоҳибон аҳамияти муқовимати муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамзамон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон илова кардааст, ки тарафҳо масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеаро низ муҳокима карданд.
Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.
Зокирзода: Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳу ваҳдати ҷомеа дар Афғонистон аст
Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Аз соли 2000-ум нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Айни ҳол ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.