“Толибон”* оҷилан хоҳони 1,2 миллиард доллар шуд

“Толибон”* аз "Гурӯҳи 20" хостааст, ки тибқи ваъда, бояд таври оҷил 1,2 миллиард доллар ба Афғонистон ихтисос диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. “Толибон”* ҳамчунин аз ҷамеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, ки аз Афғонистон дар озодсозӣ дороиҳои мардуми ин кишвар ба арзиши наздик ба 10 миллиард доллар ҳимоят кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Толибон”*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овард, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаааст, ки тибқи ваъдаи дар нишасти G20 ба ин кишвар, ҳудуди 1,2 миллиард доллар кумаки фаврӣ ироа кунанд.
Сухангӯи “Толибон” Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, ки қаблан ба унвони намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ шуда буд, рӯзи ҷумъа дар "Твиттер" дар бораи авзоъ дар Афғонистон навишт:
Зокирзода: Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳу ваҳдати ҷомеа дар Афғонистон аст
"Як миллиард евро (тақрибан 1,2 миллиард доллар)-ро, ки дар нишасти маҷозии G20 дар мавриди Афғонистон барои ҳимоят аз осебпазирҳо ва ба таври муваққат ваъда шуда буд, раҳо кунед".
Сухангӯи “Толибон” таъкид кард, "Ҳукумати Иморати Исломии Афғонистон омодааст, аз тариқи созмонҳои башардӯстона ва дигар созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин минтақа ҳамкориҳои комил дошта бошад".
Шоҳин гуфт, илова бар ин гурӯҳи мазкур "аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, то аз Афғонистон дар рафъи инсидоди дороиҳои мардуми Афғонистон ба арзиши тақрибан 10 миллиард доллар ҳимоят кунад”.
- созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон