ДУШАНБЕ, 28 октябр — Sputnik. Дар яке аз минтақаҳои Қазоқистон миёни мактаббачагон занозанӣ сар зад.
Манобеи Sputnik Қазоқистон хабар медиҳанд, дар деҳаи Пидҷими вилояти Алмаато, ки дар наздикии марз бо Чин воқеъ аст ва аксари аҳолияшро уйғурҳо ташкил медиҳанд, задухӯрди оммавӣ сурат гирифт.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни он тирезаҳои манзилҳои сокинон ва мошинҳоро шикастанд.
Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Зикр гардид, ки яке аз наврасон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, фавран ба беморхона интиқол ёфт.
Дар ҳамин ҳол Мая Бекбоева, намояндаи расмии Анҷумани мардуми Қазоқистон дар бораи ин ҳодиса изҳори назар карда, сарусадоҳо дар бораи ҷанбаи миллӣ доштани ин задухӯрдро рад кард.
Ба гуфтаи вай, сокинони маҳаллӣ - қазоқҳо ва уйғурҳо солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ мекунанд, дӯсту ҳамсояанд ва ҳама самимона сулҳу оромиро мехоҳанд.