Беҳтарин паҳлавонҳои Тоҷикистон ба мусобиқаи “Baku Grand Slam-2019” мераванд

Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Baku Grand Slam-2021” шаш ҷудокори шинохта намояндагӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бинобар иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, аз 5 то 7 ноябри соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи ҷудои байналмилалии “Baku Grand Slam-2021” баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 207 нафар варзишгар (131 мард, 75 зан) аз 31 кишвари дунё дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин сабқат 6 варзишгари шинохта – Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Ҳақназар Назаров (-81кг), Хушвахт Идиев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Амирҷони Насимҷон (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Сомон аз миёни 281 ҷудокор ҷойи панҷумро аз худ кард
Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 намуди вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат гирифта, варзишгарон сазовори холҳои олимпӣ мегарданд.
Чун анъана варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд.