ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон, ки бо "Толибон"* дар муқовимат аст, дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун агенти хориҷӣ барои лоббигарӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад "Axios".
Қайд карда мешавад, Ҷабҳаи муқовимат дар Иёлоти Муттаҳида бинобар таъсир гузоштанаш ба сиёсатмадорони амрикоӣ дар он феҳраст сабти ном шудааст, ки ин нишон медиҳад, муқовимат зарурати ҷалби кумаки мансабдорони калидӣ дар Вашингтонро эътироф мекунад.
Дар ҳамин ҳол Ҷабҳаи муқовимат то ҳол дар ин маврид вокуниш нишон надодааст.
Ёдрас менамоем, ки Қонуни сабти агентҳои хориҷӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз соли 1938 амал мекунад.
Ширкатҳо ё шахсони алоҳидае, ки ба сифати агенти хориҷӣ сабти ном мешаванд, вазифадоранд, фаъолият, бахусус фаъолияти молии барои мақомоти ИМА ошкор дошта бошанд.
Авоили моҳи август "Толибон"* дар Афғонистон болои нерӯҳои ҳукуматии ин кишвар ҳамла карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт шуданд.
Рӯзи дигар роҳбарони ҳаракати тундрав эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар поён ёфт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ пас аз ҳузури 20-сола дар Афғонистон фурудгоҳи Кобулро тарк карданд.
То моҳи сентябр Панҷшер ягона вилояте буд, ки "Толибон"* онро ишғол накарда буд. Маҳз дар ҳамин вилоят таҳти раҳбарии писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимат созмон дода шуд, ки то кунун бо "Толибон"* дар муқовимат аст.
Аъзои гурӯҳи тундрав иддао доранд, ки ҳамакнун Панҷшер ба пуррагӣ таҳти назорати онҳост, вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, аксари манотиқи кӯҳии ин макон то ҳол дар дасти ҷабҳа аст.
*- созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон