ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии президент.
Роҳбари ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, бо шароити зиндагии мардум аз наздик ошно шуда, чанд иншооти гуногунро боз кунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолии вилояти Хатлон баргузор кунад.
Ёдовар мешавем, ин дувумин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ин моҳ ба Хатлон аст.
Президент баробари ворид шудан ба вилоят дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро ба истифода додааст.
Гуфта мешавад, ин марказ аз ҷониби ҳукумат дар зимни татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Маркази перинаталии нав дорои 90 кати хоб буда, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ дар он бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии тиббӣ мерасонанд.