Путин ва Ҷонсон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд: виҷдони НАТО нагузошт?

Афғонистон як намунаи барҷастаи суқути орзуи Амрико то ҳол Ғарби дастаҷамъиро бо таҳдидҳои пешгӯинашавандаи амният барошуфтааст
Sputnik
Лондон аслан нигаронии Вашингтонеро, ки назорат бар минтақаҳои ҷангу қудрат бар сайёраро аз даст медиҳад, ба Маскав муртабит медонад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон 25 октябр вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ҳамин ҳол Путин дар бораи машваратҳои ахир бо “Толибон”* дар "формати Маскав" бо Ҷонсон суҳбат кард.
Дар ин суҳбат ба таври возеҳ манфиати Иёлоти Муттаҳида, ки ба шикасти сангинаш пас аз 20 соли амалиёти низомӣ бовар надораду аз зарбаи ғазаби “Толибон”* ранҷ мекашад, аз эътирофи эҳёи "хилофат" дар саросари ҷаҳон метарсад, матраҳ буд.
Бо вуҷуди эҳтироми бечунучарои истиқлоли Афғонистон ҳукумати нав ҳанӯз то эътирофи байналмилалӣ қудрати ҷадид дар ин кишвар фурсат зиёд аст. Қаблан Владимир Путин гуфта буд, ки тасмим дар бораи хориҷ кардани “Толибон”* аз феҳристи созмонҳои террористӣ бояд дар сатҳи СММ қабул шавад ва барои он ин гурӯҳ бояд “бо тамоми гурӯҳҳои этникӣ ва мазҳабӣ, созмонҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ робита барқарор кунад".
Нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон
Мутаассифона, Афғонистон аз сулҳу ваҳдати миллату мардум дур асту аз терроризм озод нашуда. Ҳукумати муваққатӣ наметавонад бо мушкилоти иқтисодӣ ва таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби “Давлати исломӣ”* мубориза кунад.
Рӯзи 24-уми октябр вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо зикри ҳодисаҳои моҳҳои ахир гуфт, ин раванд боиси таназзули вазъи низомию сиёсии Афғонистон шудааст ва вазъ дар ин кишварро фалокатбор унвон кард. Мутаассифона, ин муболиға нест.
Афғонистон воқеан ба минтақаҳои назорати “Толибон”* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ҳамчунин Ҷабҳаи муқовимат таҳти сарварии Масъуди хурдӣ мубаддал шудааст.
Таҳдиди ҳамлаи ҷангҷӯён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Бесабаб нест, ки СПАД як силсила машқҳои вижаро бо ширкати низомиёни шаш кишвар наздик ба марзи Афғонистон, дар қаламрави Тоҷикистону Узбакистон анҷом додааст.

Камарбанди амниятӣ

Дар нишасти "формати Маскав" намояндагони “Толибон”* иддао карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат доранд. Кӯшиши бовар кунондани шарикони хориҷӣ дар бораи самарабахш будани ҳукумати онҳо чандон боварибахш нест. “Толибон”* наметавонад амнияти мардуми осоиштаи кишварро таъмин ва ҳатто худро дифоъ кунад - ҳамлаҳои террористӣ ва тирпарронӣ бо гурӯҳҳои рақиби он, "Давлати исломӣ"*, ки сарҳадҳои давлатиро эътироф намекунад, дар вилоятҳои мухталиф идома доранд.
Толибони мусаллаҳ рӯзи 26-уми октябр бо тирандозие издиҳомро дар назди кассаҳои билети ҳавопаймофурӯшӣ дар Кобул пароканда карданд. Ин ҳодиса захмиёнеро бар ҷой гузошт.
Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон
Ҳафтаи гузашта ҷангиёни ДОИШ* ду бор ба мошинҳои “Толибон”* дар Ҷалолобод ҳамла карда, манорҳои интиқоли барқро тарконданд, то Кобул ва дигар вилоятҳоро бидуни барқ гузоранд. “Вилояти Хуросон”* омодаи мубориза барои қудрат ва нуфуз аст. Рӯзи якшанбе дар як тирандозӣ миёни толибону ҷангиёни ДОИШ* дар Ҳирот 17 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд.
Худи ҳамон рӯз дар вилояти Урузгон парчамҳои сиёҳи аъзои ДОИШ* барафрохта шуданд, ки дар он ҷо ба сокинони маҳаллӣ барои пайвастан ба сафи ДИ* ба маблағи 30 ҳазор афғонӣ (340 доллар) - пули ҳангуфт барои афғонҳо пешниҳод шудааст. Ба гузориши “Afganistan.ru”, як гурӯҳи қобили мулоҳизаи ҷонибдорони “Толибон”* ба Мулло Абдуманнон Ниёзӣ дар Ҳирот ба сафи “Давлати исломӣ*” пайвастаанд.
Вазъ дар кишвар хароб мешавад ва ҳатто Ван И, вазири хориҷаи Чин 25 октябр дар музокироти Доҳа мустақиман аз “Толибон”* даъват кард, ки ошкоро бошанд, ҳуқуқи қонунии занону кӯдакон ва ақвомро ҳимоят кунанд ва муттаҳид шаванд, аммо рӯзи дигар “Толибон”* тазоҳуроти занонро дар Кобул пароканда кард.
Қаблан сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар бораи ҳуқуқи занон мухтасар гуфта буд: "Занҳо дар зимни шариат зиндагӣ хоҳанд кард". Тафсири қонунҳои шариатро доираи танги муллоҳо, ки аҳолии 40-миллионнафарии Афғонистон онҳоро интихоб накардааст, ба уҳда гирифт.
“Толибон”*: Ба касе иҷоза намедиҳем, аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад
Дар пасманзари нооромиҳои тӯлонӣ дар кишвари ҳамсоя раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз шарикони СПАД даъват кард, ки як камарбанди мустаҳками амниятӣ эҷод кунанду Маскав тақрибан дарҳол бо таҳкими пойгоҳи низомии 201-и Русия ба ифротгароӣ вокуниш нишон дод.
Пештар қисматҳои тирандози савораи пойгоҳ бо "Мошинҳои ҷангии пиёда-2", навтарин системаҳои сайёри мушакии "Верба", инчунин ҳавопаймоҳои реактивии дурпарвоз, системаҳои мушакии "Корнет", туфангҳои АСВК-М "Корд"-у АК-12 ва дарёфт кард буданд.

Пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Покистон

Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО то ҳол масъулияти худ дар ояндаи Афғонистонро, ки 20 сол он ҷо ҷангиданд, дарк намекунанд. Бо вуҷуди шикасту хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Вашингтон аз талошҳои худ барои музокира бо бозигарони минтақа дар бораи истиқрори "фурудгоҳи алтернативӣ" дар наздикии марзҳои Афғонистон даст накашид. Кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи худро хеле шадид баён кардаанд, аммо эҳтимоли пайдо шудани пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар Покистон вуҷуд дорад.
Дар ҳоле ки Исломобод аз тариқи "каналҳои ғайрирасмии" ҳамкорӣ бо “Толибон”*-ро бомуваффақият роҳандозӣ кардааст, Исломобод ва Вашингтон ба имзои созишнома дар бораи истифодаи ҳарими ҳавоии Покистон барои амалиёти ҷангӣ ва ҷосусии нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Афғонистон наздики расидан ба тавофуқ ҳастанд. Ҳамин тариқ Вашингтон талхии шикастро қисман ҷуброн мекунад ва Исломобод дар мубориза бо терроризм ва барқарор кардани равобит бо Ҳиндустон кумаки Амрикоро хоҳад гирифт.
Иҷлоси Теҳрон: Дар канори ҳам барои сулҳу тавсеа
Агар нерӯҳои низомии ҳавоии Амрико имкони назорати қатъии қаламрави Афғонистонро пайдо кунанд, албатта, таърихи 20-сола такрор мешавад. Ин ба мардуми осоишта офатҳои нав ва ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҷараёни нави гурезаҳоро тазмин медиҳад.
Амрикоиҳо тақрибан 124 ҳазор нафарро аз Афғонистон тахлия карданд, танҳо дар пойгоҳҳои Пентагон дар Амрикои Шимолӣ беш аз 53 ҳазор афғонистонӣ аст. Дар вазъияти боз ҳам тезу тунд шудани вазъият дар Афғонистон миллионҳо нафар гуреза мешаванд.
Намояндагони раҳбарияти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чанде пеш дар бораи таъсиси Шурои муборизаи миллӣ хабар доданд. Онҳо аз шаҳрвандон даъват карданд, ба "муқобилаи душвор ва дарозмуддат бо зулми дохилӣ, таҷовузи хориҷӣ ва истилогарон" омода шаванд. Ҷанги ҳама бар зидди ҳама дар қаламрави Афғонистон тӯлонӣ хоҳад буд.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Телеграм” пайвандед.