ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев баромади худро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербистон бомуваффақият оғоз кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Негматуллоев дар нахустин қувваозмоии муқаддамотӣ дар вазни то 80 кило бар варзишгари Олмон аз рӯи имтиёз пирӯз шуд.
Акнун варзишгари тоҷик дар даври баъдӣ бо Самуэл Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад, ки дар даври аввал озод буд. Мусобиқаи онҳо рӯзи шанбеи 30 октябр дар назар аст.
Илова бар ин, рӯзи 28-уми октябр се варзишгари дигар аз Тоҷикистон - Хусравхон Раҳимов, Саидикром Амонов ва Ҷаҳон Қурбонов ба майдон мебароянд.
Рӯзи 29-уми октябр Абдураҳмон Ёқубов ва Парвиз Каримов набардҳои худро оғоз мекунанд.
Паҳлавони маъруф Баҳодур Усмонов рӯзи 30-юми октябр бар зидди Иля Шакирови рус ва Абдумалик Болтаев бо намояндаи Ҳиндустон вориди набард мешаванд.
Чемпионати бокси ҷаҳон дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуд ва то 6 ноябр идома меёбад.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард, ки дар таърихи бокс беназир аст.
Ҳамчунин бори аввал ғолибон дар баробари медал бо ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамчунин бори аввал ғолибон дар баробари медал бо ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.