ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев яккачини Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Ин бозӣ дар дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола шоми 25 октябр доир гашт.
Ягона голи беҷавоби бозҳиро Ваҳдат Ҳанонов, ҳимоятгари тими “Истиқлол”-и Душанбе дар дақиқаи 87-ум вориди дарвозаи ҳариф сохт.
Довари ин бозӣ Роуэн Арумугании ҳинду буд ва Ҳанонов дар охир беҳтарин бозигари дидор шинохта шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.
Ҳамакнун мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо яккачини Непал бозӣ мекунад.

Ин мусобиқа 28 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар даври сеюми бозиҳои Ҷоми Осиё-2022 дар гуруҳи "В" 31 октябр миллипӯшони Тоҷикистон бо Эрон вориди рақобат мешаванд.