ДУШАНБЕ, 26 октябр — Sputnik. Дар Афғонистон арзиши маводи ғизоӣ ба ҳадди рекордӣ гарон шудааст, ки ин ҳолат шаҳрвандонро шадидан нигарон намудааст.
Манобеи "Tolo News" менависад, афзоиши нархҳо ба мушкилоти тавлидоти дохилӣ ва хушксолии тобистон марбут аст.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, аз таъмини хонаводаҳои худ нигарон ҳастанд ва дар остонаи зимистон нишонаҳои таназзули иқтисодиро мушоҳида мекунанд.
"Истеҳсоли дохилӣ нокифоя аст, нархҳо ниҳоят гаронанд", - афзудааст Абдул Маъруф, молики яке аз дӯконҳои Афғонистон дар суҳбат бо "Tolo News".
Илова бар ин чанде аз деҳқонон ҳам изҳор доштаанд, ки хушксолии ахир боиси коҳиши ҳосил дар муқоиса бо солҳои қабл шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзии Афғонистон таъкид мекунад, ки Афғонистон як кишвари воридкунанда аст ва бештари коло аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад.
"Гандуму биринҷ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон ворид мешавад. Мо ба ин коло ниёз дорем, зеро Афғонистон наметавонад худашро таъмин кунад", - изҳор доштааст Абдураҳмон Рашид, сардори муваққати вазорати мазкур.
Вазъ дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* хароб шуд.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия