ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Овозхони ӯзбек Лола Юлдошева бо ҳамвандони худ дар Instagram дар бораи муносибати зану шавҳар суҳбат кард.
Аз сароянда пурсиданд, ки агар шавҳар хиёнат кунад, чӣ кор бояд кард.
Юлдошева ду роҳ нишон дод: ё ҳамсаратонро самимона бубахшед, ё набахшеду бо роҳи худ равед.
"Танҳо аз самими қалб, бубахшед ва дар оянда дар ҳар ҷанҷол ин корашро ба ёдаш наоваред ва таъна накунеду зиндагиатонро идома диҳед. Ё набахшед ва бо роҳи худ равед", - навиштааст овозхон.
Пештар Юлдошева изҳор дошта буд, ки занон бояд аз ҷиҳати молиявӣ мустақил бошанд.
Юлдошева бо ҳамвандони худ атрофи ҳамин мавзуъ низ баҳс кардааст.